Ҷанг бо кордзанӣ анҷом ёфт

Сентябрь 11, 2013 14:40

Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилаи ҶТ хабар доданд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо гумони даст доштан дар қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ, ноболиғ Бобоев Хурсанд, сокини ноҳияи Варзоб дастгир карда шуд. Номбурда санаи 8 сентябри соли 2013, тахминан соати 14.00 дақиқа, дар ноҳияи Варзоб бо шаҳрвандон Салимов Фаррух, соли таваллудаш 1989 ва Исмоилов Сунатулло, соли таваллудаш 1992, сокинони ҳамин ноҳия ҷанг карда, бо корд ба шиками Салимов Ф. ва ба китфи чапи Исмоилов С. задааст. Дар натиҷа онҳо ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.  Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Сентябрь 11, 2013 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд