15 нишони варзишгарони тоҷик аз Бозиҳои ИИА дар Алмаато
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар» Фарзона Ашӯрмадова).-Ҳайати миллии варзишии кишвар дар Бозиҳои сеюми варзишии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё байни писарон ва духтарон 15 медали бозиро ба даст овард, ки миёни он 2 медали тилло, 2 нуқра ва 11 нишони биринҷӣ мебошад.Бозиҳои сеюми варзишии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё байни писарон ва духтарон, ки аз 14-уми сентябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷараён дорад, 123 нафар варзишгари тоҷик аз рўи 9 намуди варзиш, аз ҷумла бокс, гўштини тарзи озод, гўштини юнонӣ-румӣ, дзюдо, варзиши сабук, шиноварӣ, самбо, таэквондо (WTF) ва қураши қазоқӣ иштирок менамояд.Бозиҳои мазкур то 21-уми сентябри соли ҷорӣ идома хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






