278 ҳазор сомонӣ ба ғолибони озмун
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии «Маҳалли аҳолинишини беҳтарин» ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур тибқи қарори раиси вилояти Суғд дар байни се воҳиди марзии аҳолинишин — шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот ва маҳаллаю деҳа гузаронида шуд ва тӯли моҳҳои феврал — августи соли 2013 идома гирифт. Аз рӯи ҷамъбаст дар озмуни «Маҳалли аҳолинишини беҳтарин» дар бахши шаҳру навоҳӣ шаҳри Хуҷанд ғолиб дониста шуда, бо Шаҳодатнома ва 40 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Дар ин бахш шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуда, бо маблағи пулӣ дар ҳаҷми 30 ва 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд. Ҷамоти деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан дар озмуни «Маҳалли аҳолинишини беҳтарин» миёни ҷамоати шаҳраку деҳоти вилояти Суғд ғолибиятро ба даст овард ва бо Шаҳодатнома ва 20 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Ҷойҳои дуюму сеюмро дар ин бахш ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт ва ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Ғончӣ соҳиб гардида, мутаносибан бо Шаҳодатнома ва дар ҳаҷми 15 ва 10 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд. Дар тайи се соли охир, ки чунин озмун дар вилоят барпо мегардад, бори аввал маҳаллаи беҳтарин — ҳамчун мақоми худфаъолияти ҷамъиятӣ муайян карда шуд. Соли ҷорӣ озмуни «Маҳалли аҳолинишини беҳтарин» дар вилояти Суғд бо мақсади ноил шудан ба рушди иқтисодиёти маҳал, нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, иҷрои нақшаҳои барномавӣ, густариши корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободониву кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист, самаранок истифода намудани неъматҳои табиат, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои тиб, маориф, фарҳанг ва ба ифтихори «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» баргузор шуд. Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ба ғолибони озмун мукофотҳо супорида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






