9 медали тиллои варзишгарони тоҷик
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз 16 то 21 сентябри соли равон дар вилояти Калугаи Федератсияи Русия чемпионати ҷаҳон оид ба зӯрозмоии универсалӣ доир гашт Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар чемпионат варзишгарон аз 35 кишвар ширкат доштанд. Аз ҷумла, 5 варзишгари тоҷик, ки дар ин мусобиқа Тоҷикистонро муаррифӣ карданд, зимни рақобат 9 медал, 5 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар робита ба ин дар бинои дастгоҳи марказии кумита ғолибони ҳамин чорабинӣ ва ғолибони мусобиқоти бозиҳои Авруосиёро Маликшо Неъматов, раиси кумита барои ғолибият табрик гуфта, ҳамзамон аз рушди варзишу дастгирии хукумату Сарвари давлат ёдовар шуд ва аз корнамоиву парчамафшониҳои варзишгарон дар арсаи байналмилалӣ бо ифтихор сухан гуфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






