Аҳмадбек Бухориев — номзад ба мансаби президент аз ҲАТ
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 6 ноябр дар Тоҷикистон интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар робита бо ин, якчанд ҳизб номзадҳои худро ба ин мансаб пешбарӣ намудаанд.Дар анҷумани Ҳизби аграрии Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки роҳбари ҳизб, ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ, академик Аҳмадбек Бухориев номзад ба президентӣ пешбарӣ гардад.Ҳизби аграрии Тоҷикистон соли 2005 таъсис ёфта ва 15 ноябри ҳамон сол дар Вазорати адлияи ҶТ сабти ном шуда буд. Ин ҳизб дар муддати кӯтоҳ қариб 30 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро дар сафҳои худ муттаҳид намудааст. Хотирнишон месозем, ки Ҳизби аграрӣ дар интихоботи гузаштаи президентӣ асосгузори ҳизб академик Амир Қароқуловро ба ҳайси номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ намуда буд. Ҳоло Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар парлумони кишвар ду намоянда дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






