Аксияи зиддимухаддиротӣ дар АНМН
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).-Ҳафтаи гузашта гуруҳи таблиғотӣ, ки ҳайати он аз кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуруҳи эҷодӣ, мутахассисони соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва созмонҳои ҷамъиятӣ иборат мебошанд, дар доираи аввалин лоиҳаи байналмилалии зиддимухаддиротии агентӣ- «Гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ», бо мақсади муттаҳид намудани кӯшишҳои тамоми мақомоти ҳокимият, институтҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва истеъмоли ғайритиббии он, инчунин ташаккули ҷаҳонбинии зиддимухаддиротии аҳолӣ, аввалин аксияҳои оммавии зиддимухаддиротиро дар ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи Куҳии вилояти Суғд гузарониданд.Сокинони ин ду ноҳия дар чорабиниҳои мазкур фаъолона ширкат варзиданд. Дар назди ҷамъомадагон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, кормандони агентӣ, намояндагони дин сухан гуфтанд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуотии агентӣ хабар доданд, дар аксияҳо инчунин мусобиқаҳои варзишӣ, викторинаҳо гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд. Ба ҳамаи иштирокчиён буклет ва варақаҳои зиддимухаддиротӣ тақсим карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






