Амалиёти «Кӯкнор-2013» дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар доираи амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор-2013» буттаҳои растаниҳои бангдонаи худрӯйро нобуд карданд.Тавре ки маркази матбуотии агентии мазкур хабар медиҳад, кормандони фаврии Раёсат дар ҳудуди заминҳои бекорхобидаи деҳаи Барчиди ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон зиёда аз 1000 дона буттаи растаниҳои худрӯйи бангдонаро ошкор намуда, бо тариқи сӯзонидан онҳоро нобуд сохтанд.Амалиёти ҳамасолаи «Кӯкнор» аз моҳи май оғоз ёфта, дар охири моҳи ноябр ҷамъбаст мешавад. Яке аз мақсадҳои гузаронидани амалиёти мазкур- ин дарёфти маълумот оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, ёфт ва нобуд сохтани растаниҳои худрӯи бангдона мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






