«Амонатбонк»- бонки раисикунандаи СҲШ дар соли 2014

Сентябрь 17, 2013 08:39

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Дар ҷаласаи 9-уми Шӯрои Иттиҳоди байнибонкӣ дар доираи СҲШ , раисони бонкҳо-иштирокчиёни иттиҳоди мазкур протоколеро ба имзо расониданд, ки Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамчун бонки раисикунандаи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ барои солҳои 2013-2014 интихоб гардид.  Ёдрас мешавем, ки рӯзи 12-уми сентябри соли ҷорӣ дар вилояти Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 9-уми Шӯрои Иттиҳоди байнибонкӣ дар доираи СҲШ баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз рӯи барнома ва рӯзномаи ҷаласа, ки қаблан бо бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай мувофиқа шуда буд, иштирок карданд. Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба фаъолияти солонаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай, ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии давлатҳое, ки дар назди Созмони Ҳамкории Шанхай мавқеъ доранд, рушди ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай, ҳамкорӣ дар соҳаи табодули таҷриба ва тайёр намудани кадрҳо, инчунин интихоби раиси навбатии Шӯрои Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2013-2014 ва дигар масъалаҳои фаъолият баррасӣ гардид. Ҳамчунин дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби Шӯро «Низомнома дар бораи тартиби фаъолият намудани Гуруҳи кории Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба баррасии лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва механизми кафолат ва суғуртаи инвеститсияҳо» ва «Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба «Низомнома дар бораи ҳамкорӣ бо институтҳои молиявии давлатҳое, ки дар назди Созмони Ҳамкории Шанхай мақом доранд ва мақоми бонки ҳамкори Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхайро доранд» ба имзо расид.

Сентябрь 17, 2013 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд