Анҷумани X Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Сентябрь 19, 2013 11:32

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -21 сентябри соли 2013 дар Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат» баргузории Анҷумани Х Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар Анҷуман фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Барномаи Иттифоқ ва чанд масъалаи дигар мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт. Ёдовар мешавем, ки Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 12 октябри соли 1991 ташкил ёфта, ба узвияти он 150 ҳазор нафар шомиланд ва пайваста дар беҳдошти вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар иштироки фаъол доранд.Иттифоқи ҷавонон, ки аз мавқеъ ва ҳадафҳои иҷтимоии он аксарияти ҷавонони кишвар ҷонибдорӣ мекунанд, ворис ва давомдаҳандаи иқдоми неки наслҳои шарафманди ҷавонони Тоҷикистон буда, дар тарбияи насли наврас, рушду тараққии сиёсиву иҷтимоиву иқтисодии кишвар, пешгирии зиддиятҳо ва ихтилофоти сиёсии дохилӣ, бедории милливу номуси ватандорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдату истиқлолият, бунёди ҷомеаи демократӣ ва муаррифии кишвар дар ҷаҳони мутамаддин мебошад.

Сентябрь 19, 2013 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд