Авбошӣ дар назди мактаб
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Раҷабов Асадулло, соли таваллудаш 1954, сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 2 сентябр тахминан соатҳои 13:00-дақиқа, шахси номаълум дар назди мактаби таҳсилоти умумии №35, воқеъ дар кӯчаи Адҳамови пойтахт, писари ноболиғаш Раҷабов Амирхон Асадуллоевич, соли таваллудаш 1997-ро аз ҳиссиёти авбошӣ, бе ягон асос латукӯб карда, бо таппончаи оташфишон ӯро таҳдиди куштан намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Одинаев Аскар Аламшоевич, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Душанбе бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД хабар доданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






