Баистифодадиҳии бозори нав дар шаҳраки Пролетар
Душанбе, 11 сенятбр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов лентаи рамзии бозори нави шаҳраки Пролетарро бурида, онро мавриди истифодаи шаҳрвандон қарор дод. Зикр гардид, ки иқдоми бунёди бозори замонавӣ аз тарафи аҳли ҷомеа ва соҳибкорони маҳаллӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, ки барои сохтмони он дар масоҳати 7,4 гектар замин ҷудо гардида буд, роҳандозӣ шудааст. Қоҳир Расулзода бунёди бозори навро дар маркази ноҳия, ки ба ҶДММ “Ашроф” тааллуқ дорад, идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ дар қаламрави вилоят арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки дар иншооти мазкур ба маблағи беш аз 25 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда бозор дорои 2237 ҷой, аз ҷумла 1500 нуқтаи савдо мебошад. Аз дафтари матбуоти раиси вилоят хабар доданд, ки баъди пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бозор наздик ба 4 ҳазор нафар сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешавад. Қоҳир Расулзода бозори навро инчунин яке аз манбаъҳои нав бобати ғанӣ гардонидани буҷаи маҳаллӣ номид. Қоҳир Расулзода аз раставу дӯконҳои бозори нав дидан карда, ба гуруҳи сохтмончиёни маҳаллӣ, ки дар бунёди бозор фаъолона саҳм гирифтаанд, туҳфаҳои хотиравӣ супорид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






