Баистифодадиҳии иншоот дар арафаи соли нави таҳсил
Файзобод, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Дар арафаи соли нави хониш дар деҳаи Очилдии ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод барои 320 нафар хонанда ба маблағи 958 ҳазор сомонӣ мактаби нав ба истифода дода шуд. Дар кушоиши мактаби мазкур муовини вазири маориф Фатҳиддин Исмоилов иштирок намуд. Инчунин бо дастгирии соҳибкор Ҷамшед Ғафуров майдони варзишии мактаби рақами 1 аз нав таъмиру барқарор гардид. Бо дастгирии раиси ноҳия ва буҷаи маҳаллии ноҳия инчунин бо маблағҳои шаҳрвандони ҷамоати деҳоти Бӯстон ду синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Офтобрӯя ба истифода дода шуд. Бояд қайд кард, ки дар назди мактаби рақами 17-и деҳаи Қошғари ҷамоати деҳоти Вашгирд ду синфхонаи иловагӣ ба тариқи ҳашар дар арафаи соли хониш сохта шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






