Барқияи табрикотии Э. Раҳмон ба И. Каримов
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ “Ховар”). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:«Муҳтарам Ислом Абдуғаниевич,Ба муносибати таҷлили Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрикоти самимии хешро ба Шумо ирсол медорам.Тоҷикистон ҷонибдори корҳои наҷиби таҳкимбахшандаи муносиботи дӯстӣ, ҳамсоягӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкориҳои байни кишварҳоямон, ки решаи таърихӣ доранд, мебошад.Мо ба гуфтугӯи сиёсии эътимодбахш бо мақсади самаранок ва комимл намудани муносибот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама соҳаҳо, ки дорои таваҷҷуҳи ҳарду ҷонибанд, омодаем.Ба Шумо, муҳтарам Ислом Абдуғаниевич, сиҳатмандию комёбӣ, ба халқи дӯсти Ӯзбекистон бурдборӣ ва шукуфоӣ таманно дорам».
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






