Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Фаронса
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо муовини раиси Раёсати кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Делаус баргузор гардид.Тавре ки аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд, мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот аз вазъи ҳамкории байни ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибдории худро аз рушду густариши минбаъдаи ин ҳамкорӣ иброз доштанд. Ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкории ҳар ду давлат дар ҳошияи созмонҳои ҷаҳонию минтақавиро мавриди муҳокима қарор дода, перомуни ҷиҳатҳои амнияти минтақа, иқтисодиёт, сиёсат ва сулҳу суботи он табодули афкор намуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






