Баррасии масоили ҷамъоварии имзоҳо дар КМИР

Сентябрь 25, 2013 16:32

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 25 сентябри соли 2013 таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи КМИР баргузор гардид, ки дар он 2 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, гузориши  роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Қарори  Комиссияи  марказии  интихобот  ва  раъйпурсии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  31 августи  соли  2013   «Дар бораи  муқаррар  намудани  тартиб  ва  муҳлати  ҷамъоварии имзои шаҳрвандон  ба  тарафдории  номзади пешбаришаванда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар бораи ба нозирони миллӣ, нозирони байналмилалӣ ва намояндагони васоити ахбори омма пешниҳод намудани нусхаҳои протоколҳои комиссияи участкавии  интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ, комиссияи ҳавзавии  интихобот дар бораи натиҷаи интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима ва баррасӣ гардид.
Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа гузориши роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Додоев шунида шуд.
Дар ҷараёни баррасии ин масъала изҳор  шуд, ки зимни  маъракаи имзоҷамъоварӣ ҳолатҳои ба таври пурра риоя накардани муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби чӣ гуруҳҳои ташаббускор ва чӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ошкор гардидаанд.
Раиси КМИР Ш. Шоҳиён таъкид намуд, ки ҷараёни имзоҷамъоварӣ аз ҷониби аъзои КМИР, кормандони дастгоҳи Комиссияи марказӣ ва комиссияҳои ҳавзавӣ зери назорати қатъӣ қарор дода, кӯшишҳои  вайрон кардани муқаррароти қонун ва қарори дахлдори КМИР-ро саривақт пешгирӣ намоянд.
Сипас мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷкистон     дар бораи ба инобат гирифтани гузориши  роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Қарори  Комиссияи  марказии  интихобот  ва  раъйпурсии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  31 августи  соли  2013 № 39 «Дар бораи  муқаррар намудани  тартиб  ва  муҳлати  ҷамъоварии  имзои   шаҳрвандон   ба  тарафдории  номзади  пешбаришаванда   ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”  қарори дахлдор қабул кард.
Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома КМИР мувофиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар бораи ба нозирони миллӣ, нозирони байналмилалӣ ва намояндагони васоити ахбори омма пешниҳод намудани нусхаҳои протоколҳои комиссияи участкавии  интихобот дар бораи натиҷаи овоздиҳӣ, комиссияи ҳавзавии  интихобот дар бораи натиҷаи интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд. 
Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони субъектҳои ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад пешбарикунанда ва доираи васеи хабарнигорон иштирок намуданд.
 

Сентябрь 25, 2013 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
22 июл дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
21 июл дар Суди Олӣ, вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад