Баррасии масоили муҳоҷират дар ВАО
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- Рӯзи 27-уми сентябри соли равон дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон таҳти унвони «Муҳоҷират ва ВАО» мизи гирд баргузор мегардад. Дар он иштироки васеи намояндагони Васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ, намояндагони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъиятҳои муқими Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар назар аст. Дар доираи мизи гирд иштирокчиён масъалаву мушкилоти вобаста ба муҳоҷиратро баррасӣ хоҳанд кард. Инчунин дар доираи мизи гирд 35-солагии фаъолияти эҷодии журналист, муаллифи китоби «Тоҷикон дар Русия» Талабшои Холиқзод баргузор хоҳад гашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






