Баррасии сатҳи муосири фарҳангӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- “Сатҳи муосири фарҳангӣ дар Тоҷикистон“- таҳти чунин ном мизи мудаввар бо иштироки зиёда аз 20 нафар коршиноси соҳаи фарҳанг ва аҳли зиё дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Мавзӯи мизи мудаввар имконияти хуби ҷамъ намудани зиёиёни соҳаҳои гуногунро ба миён овард. Иштирокчиён оид ба сатҳи кунунии фарҳанги муосири тоҷик, низоъҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин мизи мудаввар имконияти хуби муҳокима ва коркарди чораҳои заруриеро, ки ба тезонадани раванди татбиқи Конвенсия дар соҳаҳои гуногуни фарҳангӣ равона шудаанд, фароҳам овард.Мақсади баргузории мизи мудаввар аз боз ҳам аниқу возеҳ дарк намудани моҳияти Конвенсияи ЮНЕСКО “Оид ба ҳифз ва тарғиби шаклҳои гуногуни инъикоси фарҳангӣ” ва муҳимияти дар амал татбиқ кардани он иборат мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






