БДА ҷасади ҷавони шахсияташ номаълумро ошкор карданист

Сентябрь 2, 2013 14:10

Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Шаби гузаштаи 1 -уми сентябр ҷавони тахминан 25-30-соларо ронандаи  номаълум бо мошинаш зер карда, ба ҳалокат расонидааст.
Тавре ки дар ин бора аз БДА-и шаҳри Душанбе хабар доданд, шаби гузашта тахминан соатҳои 20:30 дақиқа мошини тамғааш номаълум ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ғаффоров аз тарафи кӯчаи Шамсӣ ба самти кӯчаи Федин, дар рӯ ба рӯи мағозаи «Арзон» пиёдагард- марди тахминан 25-30- соларо зер карда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар бемористон ба ҳалокат расидааст. Шахсияти ҷавони ҳалок гардида номаълум буда, кормандони БДА-и пойтахт барои маълум кардани шахсияти ҷавони ҳалокгашта чораҷӯӣ доранд.
 Шахсоне, ки оид ба ин ҳодиса иттилоъ доранд, метавонанд  бо ракамҳои 221 00 46, 221 00 16 ба қисми навбатдории БДА занг зананд.

Сентябрь 2, 2013 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд