Беҳдошти вазъи иҷтимоӣ дар меҳвари мулоқоти вакилон бо мардум
Душанбе, 17 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Зимни вохӯрию мулоқоти вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат бо интихобкунандагон, ки имрӯзҳо дар минтақаҳои мухталифи кишвар идома доранд, мардум аз вакилон асосан доир ба масъалаҳои ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони хона, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, маош, нафақа ва кӯмакпулиҳо, дар маҷмуъ беҳдошти вазъи иҷтимоӣ дар маҳалҳо суол мекунанд», мегӯяд Муҳаммадато Султонов — котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон. Мавсуф афзуд, ки вакилони Маҷлиси намояндагон Амирбек Маҳмадалиев, Бек Қурбонов дар ноҳияи Бохтар, Саодат Амиршоева дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд ва Маҳмадамин Ҳисориев дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо интихобкунандагони худ мулоқот намуданд. Вакилони Парлумони мамлакат дар назди интихобкунадагон доир ба вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар қонуну қарорҳое, ки аз сӯи Ҳукумат ва Парлумон қабул мешаванд, сухан карданд. Зикр шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани вазъи иҷтимоии ҷомеа буда, дар ин самт дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Таъкид гардид, ки соли равон маблағгузории соҳаи маориф дар ҳаҷми беш аз ду миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки он дар қиёс ба соли 2000 -ум 57 баробар зиёд аст. Дар соли 2012 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо дар ҷумҳурӣ 248 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 44 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 320 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Дар маҷмуъ дар зарфи 10 соли охир дар кишвар беш аз 1000 мактаби мутобиқ ба талаботи меъёрҳои замони муосир бунёд шудааст.Мавриди зикр аст, ки мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон, ки аз 12 сентябр шуруъ гардидаст, то 22 сентябр идома меёбад. Баъдан вакилон доир ба натиҷаҳои мулоқоташон бо интихобкунандагон ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда дар маҳалҳо ба Ҳукумати мамлакат маълумот ироа месозанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






