Бинои шаҳрдорӣ воқеан кӯчонида мешавад?
Душанбе, 5 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки дар оянда бинои шаҳрдории Душанбе, ки дар суроғаи Рӯдакӣ, 48 ва 48 А қарор дорад, ба дигар маҳалли шаҳр кӯчонида хоҳад шуд. Дар қарори ба тасвибрасонидаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки ба кӯчонидани иддае аз биноҳои атрофи майдони «Дӯстӣ» марбут аст, ин матлаб зикр шудааст. Аммо дар қарор наомадааст, ки дар оянда иморати шаҳрдорӣ дар кадом маҳали шаҳр бунёд мешавад. Бояд тазаккур дод, ки ба рӯйхати биноҳое, ки аз атрофи майдони «Дӯстӣ» кӯчонида мешаванд, иморати Вазорати кишоварзӣ, Сафорати Эрон, Прокуратураи шаҳрӣ, Осорхонаи Гурминҷ Завқибеков ва дар маҷмуъ наздик ба 40 бинои истиқоматӣ, дорои таъйиноти тиҷоратӣ ва иҷтимоӣ, ки дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Бохтар, Теҳрон, Шота Руставелӣ ва Пушкин воқеанд, дохил мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






