Боздиди ҳайати ҶМЧ аз АНМН

Сентябрь 2, 2013 11:33

Душанбе,  2  сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – Чанде  пеш  ҳайати   Кумитаи   давлатии  мубориза  бо  маводи  нашъаовари Ҷумҳурии  Мардумии  Чин   бо  роҳбарии Дабири  кулли  кумитаи  мазкур  Хан  Сюйгуан аз  Агентии маводи  нашъаовари  назди Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дидор  намуд. 
 
Мувофиқи  хабари  Агентии  маводи  нашъаовар,  дар  ҷараёни  мулоқот  директори  Агентӣ  Рустам  Назаров  ба  меҳмонон  аз  тамоюлҳои  вазъи   маводи  нашъаовар  дар Тоҷикистону  Афғонистон  ва   минтақаи  Осиёи  Марказӣ,   ҳамчунин   перомуни   саҳми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  мубориза бо  гардиши  ғайриқонунии  маводи  нашъаовар  нақл  кард. 
 
Ҷонибҳо  ҳамчунин   масоили   рушди   механизми ҳамкорӣ  дар  бахши  мубориза  бо  маводи  нашъаовар   дар  доираи  Созмони  Ҳамкории  Шанхай, вусъати минбаъдаи  ҳамкории  сарҳадбонон  дар  амри   мубориза  бо  ҷинояткорӣ,  роҳҳои  муайян шудани  мавқеи  ягона дар  арсаи  ҷаҳон  аз рӯи   масоили   мубориза бо  хавфи  маводи  нашъаоварро  мавриди  муҳокима  қарор  доданд.

Сентябрь 2, 2013 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд