Боздошти маводи муҳлатгузашта дар Муъминобод
Муъминобод, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Ба иттилои директори маркази санитарию эпидемиологии ноҳияи Муъминобод Сафаралӣ Назаров бо мақсади риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ кормандони марказ якҷоя бо кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ, прокуратура ва амният 192 санҷиши муштарак гузарониданд, ки дар натиҷа барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ 20 нафар ба маблағи 2400 сомонӣ ҷарима шуд. Зимни санҷиш фаъолияти 8 муассисаи хӯроки умумӣ муваққатан то бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта баста шуда, инчунин 680 кг маводи хӯрокие, ки муҳлати истеъмолашон гузашта ва бесифат ба шумор мерафтанд, аз муомилот боздошта шуданд. Барои вайрон кардани меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва дарёфти хӯрокиҳои бесифат 5 нафар соҳибкор дастгир гардида, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






