Боздошти шаҳрванди Русия бо гумони нашъаҷаллобӣ дар Душанбе
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мусофири хатсайри № 247 самти «Душанбе-Красноярск» шаҳрванди Федератсияи Русия Давлатов Сироҷ Элмуродович, соли таваллудаш 1955, ҷойи таваллудаш ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, ки соли 2001 ба таври доимӣ ба Федератсияи Русия рафтааст, сокини ноҳияи Тракторзаводи шаҳри Волгоград, кўчаи Костюченко, 13-ро боздошт намуданд. Зимни азназаргузаронии шахсии номбурда аз дохили сумкааш 1 килограмму 830 грамм маводи нашъадори сахттаъсири навъи героин, ки ба таври устокорона дар дохили он ҷойгир шуда буд, дарёфт ва мусодира гардид.
Маврид ба зикр аст, ки боздоштшуда Давлатов Сироҷ соли 2002 бо ҷурми нашъаҷаллобӣ бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе ба муҳлати 15 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум гардида, соли 2011 дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи афв» ба озодӣ баромадааст.
Давлатов Сироҷ, ки ду шаҳрвандӣ дорад, бо аъмоли вазнини ҷиноятӣ обрую нуфузи Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мерезонад. Кирдори нангини ў боис мегардад, ки воситаҳои ахбори омма миллати тоҷикро бадном созанд, ба шаҳрвандони кишвар бо назари шубҳа нигаранд.
Номбурда аз хатогии қаблан содир намудааш хулосаи зарурӣ набаровардааст, сабақи рўзгор барояш дарси ибрат нашудааст. Ба ҷойи он ки дар ин синн роҳи дурусти зиндагиро пеш гирад, боз дубора даст ба қонуншиканӣ задааст. Акнун дигар пушаймонӣ суд надорад. Ў барои ҷинояти содиркардааш дар назди қонун бо тамоми қатъият ҷавоб хоҳад гуфт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






