Боздошти як гуруҳи нашъаҷаллоб
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД хабар доданд, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ як гуруҳи нашъаҷаллоб, ки ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сарукор доштанд, дастгир гардид. Рӯзи 31 августи соли 2013, бо гумони даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Валӣ Мир Ҳасан, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Кундуз дастгир карда шуд, ки дар вақти кофтуков аз борхалтаи ӯ 18 килою 248 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира гардид.
Худи ҳамон рӯз сокини шаҳри Душанбе шаҳрванд Парвиз Сатторов, соли таваллудаш 1987 дастгир шуд, ки ҳангоми азназаргузаронии хонаи истиқоматии ӯ 4 килою 720 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамин тариқ, аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ сокини шаҳри Душанбе Гулчеҳра Саидова, соли таваллудаш 1979, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор дастгир шуд, ки дар вақти кофтуков аз борхалтаи ӯ 60 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 698 грамм маводи сахтатъсири героин дарёфт ва мусодира гардид.
Аз рӯи амалҳои ин гуруҳи нашъаҷаллоб мутобиқи моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






