Бозиҳои сеюми варзишии ИҲИА
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон аз 14 то 21-уми сентябри соли равон бозиҳои сеюми варзишии Иттиҳоди ҳамгироии иқтисодии Авруосиё (ИҲИА) байни наврасону бонувон баргузор шуданд. Варзишгарони навраси кишвар нимаи дуввуми санаи 21 сентябр бо натиҷаҳои баланди варзишӣ, аз ҷумла бо ба даст овардани 73 медал: 3 медали тилло, 17 медали нуқра ва 53 медали биринҷӣ ба ватан баргаштанд. Ёдрас мешавем, ки дар чорабинии мазкур Тоҷикистонро дастаи варзишӣ дар ҳайати 123 нафар аз рўи 9 намуди варзишӣ, аз ҷумла бокс, гўштини тарзи озод, гўштини юнонӣ-румӣ, дзюдо, варзиши сабук, шиноварӣ, самбо, таэквондо (WTF) ва қураши қазоқӣ муаррифӣ карданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






