Бунёди корхонаи коркарди партовхо
Кӯлоб, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб аввалин корхонаи коркарди партовҳо аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Корхонаи мазкур бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар як шабонарӯз имкон дорад беш аз 80 кубометр партовҳои шаҳру ноҳияро коркард намояд, ки ин тадбир баҳри тоза нигоҳ доштани муҳити зист муҳим аст.Ба гуфти соҳибкорон дар навбати аввал аз партовҳо нуриҳои органикӣ истеҳсол мегардад ва шишаю пластика ҷудо карда шуда, ба дигар корхонаҳо интиқол дода мешавад. Дар оянда дар заминаи ин корхона якчанд коргоҳи дигар фаъол гардонида мешавад . Дар айни замон дар корхонаи коркарди партовҳо 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардида, дар оянда бо бунёди коргоҳҳои нав шумораи коргарон зиёд хоҳад шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






