Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Исроил дорои чист? Душанбе, 16 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Як сомонаи хабарӣ бо интишори санади махфие навиштааст, ки Исроил дастикам аз соли 1982 то кунун дорои силоҳи кимиёвӣ ва маркази тавлиди он мебошад. Хоҳишоти Бразилия Душанбе, 16 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Вакилони парлумони Бразилия ба хотири суҳбат бо собиқ корманди ХКА Эдвард Сноуден ва гирифтани маълумоти дақиқ нисбат ба барномаҳои махсуси ИМА нисбат ба кишварашон ба ФР хоҳанд омад. Изҳороти ИМА Душанбе, 16 сентябр (АМИТ «Ховар»).-ИМА изҳор доштааст, ки пешниҳоди ФР дар мавриди зери назорати байналмилалӣ қарор додани захираҳои силоҳи кимиёвии Сурия аз ҷониби онҳо омӯхта мешавад. Ҳушдори дигари ИМА ин аст, ки то замоне, ки таҳқиқи силоҳи кимёвӣ дар ин кишвар исботи пурраи худро наёбад, онҳо аз ҳамлаи фаврӣ ба муассисаҳои низомии ин кишвар даст нахоҳанд кашид. Нишасти сеҷониба Душанбе, 16 сентябр (АМИТ «Ховар»).-Нишасти сеҷониба миёни вазирони корҳои хориҷии ФР, ИМА ва намояндаи СММ оид ба Сурия дар Женева бо мувофиқа барои идомаи гуфтугӯҳо ҷиҳати поён ёфтани роҳкории дипломатӣ барои ҳалли буҳрони Сурия поён ёфт. Ҳамзамон ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки музокирот барои таъйини замони баргузории нишасти байналмилалии Женева-2 рӯзи 28-уми сентябри соли равон дар шаҳри Ню Йорк сурат хоҳад гирифт.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






