Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Ҳамкориҳои ҶИА ва ФР Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Федератсияи Русия дар соли 2014-ум баъд аз интихоби Президенти нави ин кишвар низ идома хоҳанд дошт, изҳор доштааст Ҳомид Карзай зимни суҳбат бо Владимр Путин. Ба иттилои манбаъ соли 2014 дар маъракаи интихоботи президентии Афғонистон 4 номзад, аз ҷумла худи Ҳомид Карзай низ ширкат хоҳанд кард. Ҳукми қатл дар Ҳиндустон Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар Ҳиндустон нисбат ба чаҳор нафар марде, ки бо гуноҳи таҷовуз ба донишҷӯдухтари ин кишвар, гунаҳгор дониста мешаванд, ҳукми қатл содир карда шуд. Шикасти Сарвазири Норвегия Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Сарвазири Норвегия зимни эълони пазириши шикасти худ дар интихоботи парлумонӣ изҳор доштааст, ки моҳи оянда баъд аз ироаи буҷа аз вазифа канор хоҳад рафт. НАТО дар АфғонистонДушанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар ғарби Афғонистон маросими муаррифии фармондеҳи нави нерўҳои НАТО дар ин кишвар сурат гирифт. Тибқи иттилои рўзнома дар ин маросим бархе аз фармондеҳони нерӯҳои низомии хориҷӣ ва афғон низ ширкат доштанд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






