Чаро вакилони маҳаллаҳо каммасъулиятанд?

Сентябрь 3, 2013 15:48

  Кӯлоб, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Корхонаи фаръии давлатии Хочагии коммуналии шаҳри Кӯлоб  баҳри тозагии муҳити зист, кӯчаҳою маҳаллаҳои шаҳр пайваста кӯшиш ба харҷ дода,  дар 7 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 42 ҳазору 4800 сомонӣ  ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо хизмати коммуналӣ расонид. Директори корхонаи мазкур Абдухолиқ Лоиқов  аз аксари вакилони маҳаллаҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки  мутаассифона, дар кӯчаҳои марказии шаҳр  беш аз 53 адад   корхонаҳои хусусӣ  фаъолият дошта,  партовҳояшонро ба қуттиҳои  партобпартоӣ мепартоянд, лекин аз бастани шартнома ва пардохти ҳаққи хизмат  саркашӣ  менамоянд.  То ин муддат қарзи аҳолӣ аз корхона  ба 93 ҳазор сомонӣ расидааст, ки ин рақам нисбат ба соли сипаригардида қариб ду баробар зиёд мебошад.  Гуфта мешавад, ки масъулини корхона тасмим гирифтаанд  аз соли 2014-ум шартномаи  тарафайнро  байни ташкилоту муассиса ва аҳолӣ  ба куллӣ  тағйир  дода,   дар ин  самт ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  бештар намоянд.

Сентябрь 3, 2013 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад