Дарёфти 23 кило афюн аз пинҳонгоҳи мошин
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шаҳрванд Чамшед Баротов, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Шӯрообод дастгир шуд. Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ҳангоми азназаргузаронии мошини шахсиаш, тамғаи «ВАЗ-2121» аз дохили пинҳонгоҳи махсус 23 килою 740 грамм маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира шуд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию тафтишотии иловагӣ муайян карда шуд, ки маводи нашъадори дарёфтшуда ба шаҳрванд Зариф Сафаров, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Шӯрообод тааллуқ доштааст. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш ҷараён дорад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






