Дастгир шудани гуруҳи нашъаҷаллоб
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, сокинони шаҳри Кӯлоб Боронов Фозил, Собиров Тешахон, Лиқоев Гурез ва Сафаралиев Садриддин, сокини ноҳияи Шӯрообод бо гумони даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуданд. Дар вақти азназаргузаронии мошини тамғаи «Дейво-Сиело», ки ба шаҳрванд Собиров Т. тааллуқ дошт, маводи нашъадори навъи бангдона ба миқдори 7 кг 500 грамм ва 4 кг маводи нашъадори афюн дарёфт ва мусодира шуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКД ҶТ хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






