Давраи омӯзишӣ оид ба гуногунии биологӣ
Кӯлоб, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои табиати нотакрор ва захираҳои гуногуни биологии хеле ғанӣ ва доманадор аст. Дар ҳифзи навъҳои гуногуни биологию кишоварзӣ дар баробари ниҳодҳои давлатӣ дар кишвари мо як идда созмонҳои ғайридавлатии ҷаҳонӣ саҳми арзанда доранд. Фонди амрикоии «Кристенсен» ва барномаи «Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистон дар Тоҷикистон» дар тӯли чанд соли охир дар ин самт барномаҳои муштараке анҷом додаанд. Даври омӯзиши сайёр, ки бо ибтикори ин ду созмон ба гуногунии биологии кишоварзӣ ва истиқлолияти озуқаворӣ бахшида шуд, хуб ҷараён гирифт. Дар семинари сайёр беш аз 50 нафар кишоварзон, боғпарварон, фаъолону кормандони шуъбаҳои барномаи ҷонибдории иинкишофи иҷтимоии манотиқи куҳистон ва барандагони грантҳои фонди «Кристенсен» дар Тоҷикистон иштирок намуданд. Даври омӯзиши сайёр дар ноҳияи Рашт, шаҳрҳои Душанбе ва Кўлоб, дараи Варзоб, ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон сурат гирифт.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






