«Дон ғарам» аз ААИ озод мегардад
Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» рӯзҳои наздик тағйиру иловаҳо ворид менамояд. Масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, матраҳ шуд. Сафаралӣ Раҷабов -раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Парлумон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти дастгоҳ ва таҷҳизот барои эҳтиёҷоти ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди /ҶДММ/ «Дон ғарам», сохтмони заводи металлургии ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷикию-хитоӣ» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






