Дубора фаъол гардидани фаввораҳои назди театри опера ва балет
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар».-Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, фаввораҳои назди онро, ки мавриди тармиму навсозии куллӣ қарор доштанд, дубора ба кор даровард.Ин кор дар ҳузури шахсиятҳои намоёни кишвар ва намояндагони сершумори аҳли ҷомеаи пойтахт сурат гирифт.Тавре аён гардид, фаввораҳои ин мавзеи зебою дилнишини пойтахт, ки тайи даҳсолаҳо макони дӯстдоштаи сайру тамошои сокинону меҳмонони Душанбешаҳри ҷавон буду ҳаст, пас аз навсозӣ бо технологияи мусири компютерӣ идора мешавад. Фаввораҳо акнун бо мусиқиҳои гуногун ҳамоҳанг шуда, ҳаракатҳои мавзун доранд. Ба таври дигар гӯем акнун инҳо фаввораҳои рақскунанда гардидаанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ба ин муносибат ҷамъшуда чанд лаҳза ҳаракатҳои зебои фаввораҳоро, ки бо ҳамоҳангии дақиқ бо мусиқӣ ҷараён мегирад, тамошо карда, ҳаловат бурданд.Иншооти сершуморе, ки тайи ду рӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қариб сеюним ҳазор ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, тӯҳфаҳои арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба сокинон ва меҳмонони пойтахт дар арафаи солгарди 22- юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон номида шуд.Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






