Дурнамои ҳамкории Британияи Кабир ва Тоҷикистон
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – 5 сентябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Наҷмуддинов ва Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Робин Орд – Смитт баргузор гардид.Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот перомуни масоили мубрам ва дурнамои ҳамкории ҳар ду кишвар дар бахши молия ва соҳаҳои дигари фаъолият табодули афкор барпо гардид. Ҷонибҳо ҳамчунин натиҷаи гуфтушуниди дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҷиҳати мутобиқат намудани лоиҳаи Созишнома дар бораи роҳ надодан ба андозбандии дукарата дар бахши андозҳои даромад ва сармояро, ки моҳи июли соли равон баргузор шуда буд, мавриди муҳокима қарор доданд. Зикр шуд, ки баъди анҷоми дар даври аввали гуфтушунид ҳайатҳо лоиҳаи муштараки протоколро имзо намуда буданд. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ва татбиқи ибтикорот дар мавриди шаффофияти соҳаҳои истихроҷи маъданро муҳокима намуданд.С.Наҷмуддинов натиҷаи мулоқотро ҷамъбаст карда, зикр намуд, ки мақсад аз ҳамаи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар буда, Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории зичтар бо Британияи Кабир мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






