Душанбе-шаҳри бехатар

Сентябрь 16, 2013 10:03

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- Дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хуавей»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар айни замон дар пойтахти ҷумҳурӣ лоиҳаи «Маҷмааи автоматикунонии идораи нақлиёт ва ҳаракат дар роҳ дар шаҳри Душанбе — «Шаҳри бехатар» амалӣ шуда истодааст. Лоиҳаи мазкур ҷиҳати бартарафсозии маҷмӯи мушкилоти раванди ҳаракат дар роҳ мусоидат намуда, ба беҳдошти ташкили ҳаракат дар роҳ, таъмини назорати доимӣ аз рўи ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе мусоидат хоҳад кард.Бо татбиқи ин система тамоми қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ тавассути таҷҳизоти наворгиранда, ки дар чорроҳаҳои шаҳри Душанбе насб мешаванд, ба маркази ягонаи идоракунӣ фиристода шуда, дар базаи умумии марказ коркард ва нигоҳ дошта мешаванд.Марҳилаи аввали ин лоиҳа ба охир расида, дар назар аст он охири моҳи сентябр мавриди истифода қарор дода шавад.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти ВКД хабар доданд, 17 сентябри соли равон соати 10.00 дар бинои Раёсати БДА бо иштироки роҳбарияти ВКД, РБДА, масъулини ширкати «Хуавей» ва дигар ташкилоту идораҳои марбута бо намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ доир гардида, тартиби кори маҷмааи мазкур ба самъи аҳолии ҷумҳурӣ расонида мешавад.

Сентябрь 16, 2013 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд