Дуздон дастгир шуданд

Сентябрь 16, 2013 10:38

Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).-Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 13 сентябри соли 2013 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷстуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шаҳрванд Раҳмонзода Шаҳобиддин, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда рӯзи 1 августи соли равон пинҳонӣ дар дохили боғи «Дустӣ» аз кисаи шаҳрванд Турсунова Моҳира Отақуловна, сокини шаҳри Душанбе як адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-Гелекси-110»-ро, ки арзишаш 1200 сомонӣ буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад. Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода шаҳрванд Эргашева Маъмура, сокини деҳаи Хайрободи шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки санаи 31 августи соли 2013, шахси номаълум пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз дохили сандуқи оҳанин ҷавоҳироти тиллоӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи «Айфон»-ро, ки арзиши умумиашон 14500 сомониро ташкил медод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар вақти гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон Обид Хуррамов, Шерзод Абдумаҷидов ва Раҳимҷон Назарқулов, сокинони шаҳри Турсунзода ҳамчун гумонбар дар дуздӣ дастгир шуданд. Далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Сентябрь 16, 2013 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!