Фаъолгардонии занону духтарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова).- Имрўз, 27 сентябр дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 — 2016” бо иқдоми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон форуми “Фаъолгардонии занону духтароне, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият доранд” баргузор гардид.Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, адлия, Прокуратураи генералӣ, Шӯрои адлия, судяҳои шаҳри Душанбе, Агентии давлатии назорати молиявии мубориза бо коррупсия, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, донишҷӯйдухтарони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ, Академияи милитсияи ВКД ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ширкат варзиданд.Дар чорабинӣ муаммоҳои ҷойдошта дар самти болоравии занону духтарон дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ пешниҳодҳо барои бартараф кардани масъалаҳои мазкур аз тарафи иштирокчиён омода шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






