Фарҳанги шаҳрнишинӣ баланд бардошта мешавад?
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Минбаъд моҳе як маротиба дар ҷаласаи фаъолони пойтахт гузоришҳои раисони Шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва мақомоти худидораи маҳаллӣ дар мавриди амалӣ гардонидани барномаҳои шаҳрдорӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинии сокинони Душанбе , ободонию беҳдошти муҳити зист, вазъи шаҳраку маҳалла ва бинодорӣ шунида мешавад.
Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ аз масъулини прокуратураи шаҳр даъват намуд, ки ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки мутобиқ ба он дар пойтахт парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст, мавриди санҷиш ва назорати қатъӣ қарор диҳанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






