Фестивали байналмилалии хайриявии таомҳои миллӣ дар Душанбе
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Рӯзи 21-уми сентябри соли равон дар толори тарабхонаи «Ёқут-2000» Маҳфили сафирони шаҳри Душанбе, Маҳфили иҷтимоии пойтахт ва Фестивали байналмилалии хайриявии хӯроку таомҳои миллӣ баргузор мешавад.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар доданд, дар фестивал ҳайати дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар созмонҳои хориҷии муқими шаҳри Душанбе хӯрокҳои миллии худро муаррифӣ менамоянд. Гуфта мешавад, ки меҳмонони чорабинӣ имконият доранд, то ки ин таомҳоро истеъмол намуда, ба ҳунари ошпазҳо баҳо диҳанд.Дар фестивали мазкур, ки як рӯзи пурра идома мекунад, ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд. Маблағе, ки аз ин чорабинӣ ба даст меояд, барои кӯмаки ятимхонаҳо сарф мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






