Фоидаи Тоҷикистон аз воридшавӣ ба СУС
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз, 3 сентябр, намояндагони бахши энергетикии Тоҷикистон барои иштирок дар баррасии барномаи таълимӣ дар Маркази байналмилалии савдо ҷамъ омада, усулҳои фоида аз воридшавӣ ба Созмони умумиҷаҳонии савдоро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Тавре ки аз Маркази байналмилалии савдо хабар доданд, иштирокдорони ин чорабинӣ бо қоидаҳои Созмони умумиҷаҳонии савдо ва ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар мавриди хидматрасонӣ дар бахши энергетика шинос мешаванд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба масоили дастрасии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори ҷаҳонӣ ва ӯҳдадориҳои он таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Дар робита бо ин, иштирокдорони чорабинӣ ба ӯҳдадориҳои Тоҷикистон аз рӯи масоили энергетикӣ мусоидат менамоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






