Форуми байналмилалӣ
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Аз 3 то 4 октябр дар шаҳри Душанбе Форуми навбатии 1Х байналмилалии «Муколамаи забону фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар қарни ХХ1» баргузор мегардад.Тавре ки хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, форум бо ибтикори Донишгоҳи давлатии забоншиносии шаҳри Маскав дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад. Форуми байналмилалии «Муколамаи забону фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар қарни ХХ1» ба ҳукми анъана даромада, ба рушди муколамаи байни фарҳангу забонҳои кишварҳо ҳиссаи калон гузошта, ба таҳкими равобити донишкадаҳои гуманитарӣ ба таври судманд мусоидат мекунад.Имсол дар барномаи форум ҷаласаҳои умумӣ ва мизҳои мудаввар барои табодули таҷриба ва мубоҳисаҳои илмӣ пешбинӣ шудааст. Дар форум олимону мутахассисони намоёни донишкадаҳои олии шомили Шӯрои байни донишкадаҳои таҳсилоти динӣ ва Созмони асосии забону фарҳанги давлатҳои аъзои ИДМ, ҳамчунин Созмони донишкадаҳои гуманитарии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок менамоянд. Ба ин чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, рӯҳониёни кишварҳои ИДМ ва донишкадаҳои дунявию динӣ низ даъват шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






