Хатти оби нӯшокӣ барои 7 ҳазор аҳолӣ

Сентябрь 3, 2013 11:14

 
           Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар» , Зарангези Латиф).- Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан нахуст дар маросими ифтитоҳи хатти оби нӯшокӣ барои 7 ҳазор аҳолии деҳаҳои Боғикалон ва Сахсиёни ҷамоати Гули Сурх иштирок намуд. Қоҳир Расулзода ҳангоми мулоқот бо сокинони маҳал онҳоро ба муносибати фарорасии иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аз ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи истаравшаниён изҳори хушнудӣ кард.
        Тавре ки аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, барои аз маркази ҷамоат то деҳаҳои Боғикалон ва Сахсиён дар масофаи 2,5 километр баровардани оби нӯшокӣ 350 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Аз ин миқдор, дар заминаи муроҷиати сокинони ҷамоати мазкур, ки аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ доштанд, 200 ҳазор сомонӣ  аз буҷаи вилоятӣ  ҷудо гардид. Иқдоми таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ аз ҷониби соҳибкорон низ хуш пазируфта шуда, сокинон ҳам ба тариқи ҳашар дар ин кори хайр саҳм гузоштаанд.

Сентябрь 3, 2013 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад