Хобгоҳи замонавӣ-туҳфа ба донишҷӯён
Суғд, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Дар арафаи соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш, ки ба арафаи таҷлили 22-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, бо иқдоми наҷиби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ректори ДДХ ба номи Бобочон Ғафуров дотсент Ғафурҷон Усмонов хобгоҳи замонавӣ барои духтароне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд ва дорои тамоми шароитҳои зарурист, ба истифода дода шуд.
Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар маросими ба истифода додани бинои хобгоҳ донишҷӯён ва устодони донишгоҳро бо соли нави таҳсил ва 22-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид кард, ки ин бино бо дастуру супориши Президети кишвар ҷиҳати фароҳам овардани шароити зисту таҳсили муҳассилин бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва раёсати донишгоҳ таъмиру навсозӣ шудааст.
Ректори донишгоҳ Ғафурҷон Усмонов миннатдории худ ва аҳли ҷомеаи донишгоҳро ба раиси вилояти Суғд иброз дошта, гуфт, ки минбаъд вазъи зиндагию таҳсили донишҷӯёни хобгоҳ санҷида шуда, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳсоси хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба урфу одатҳои миллӣ, гиромидошти бузургони миллат, пайдо намудани зиракии сиёсӣ мунтазам ҷиҳати гузаронидани суҳбату мулоқотҳо бо иштироки ходимони давлатӣ, шоирону нависандагон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






