«Хуҷаи Нур» мактаб месозад
Муъминобод, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар деҳаи Фурӯзобаи ҷамоати деҳоти Боғигайи ноҳияи Муъминобод аз ҷониби ҶДММ «Хуҷаи Нур», ки роҳбарии онро Авазхон Назриев ба уҳда дорад, сохтмони мактаб барои 200 хонанда босуръат ҷараён дошта, корҳои сохтмонӣ дар бино ба 80% расидаанд. Ба гуфти Назриев маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 1 млн. 300 ҳазор сомониро ташкил дода, мактаб мувофиқи лоиҳа аз 8 синфхона, утоқи омӯзгорон, утоқи кори директор ва дигар утоқҳои методӣ иборат мешавад. Ҳоло дар корҳои сохтмонӣ беш аз 15 нафар сохтмончиён фаъолият дошта, то ин муддат дар корҳои сохтмонии бино маблағи 980 000 сомонӣ аз худ шудааст. Инчунин аз тарафи ЧДММ «Хуҷаи Нур» дар деҳаи Шулулуи ҷамоати деҳоти Балхобӣ бунёди 4 синфхонаи иловагӣ барои 80 хонанда оғоз гардидааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






