Ифтитоҳи бинои нави Раёсати молияи ноҳияи Нуробод
Душанбе, 27 сентябр (АМИТ «Ховар»)Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати молияи ноҳияи Нуробод мавриди истифода қарор гирифт.Кормандони Раёсати молияи ноҳияи Нуробод минбаъд дар бинои хуштарҳу замонавӣ, ки аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуривӣ бунёд ёфтааст, фаъолият хоҳанд кард.Корхои сохтмонии бинои Раёсати молия дар қабати рости бинои асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод аз соли 2009-ум оғоз гардида, дорои 11 утоқи замонавии кории муҷаҳаз бо техникаву дигар лавозимоти зарурӣ мебошад.Дар саҳни бинои Раёсати молия, аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба 50 нафар кӯдакони яктим ва аз оилаҳои ниёзманд кӯмак расонида шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ бо кӯдакону наврасон суҳбати самимӣ намуда, онҳоро ба хониши хубу аъло ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ ҳидоят кард.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






