Ифтитоҳи ду дармонгоҳи муосир дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 4 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ду дармонгоҳи муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар ҳардуи он қариб 1500 ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кӯчаи Шамсии пойтахт ташриф оварда, бинои наву зебои Маркази саломатии шаҳрии рақами 9-ро ба истифода супорид.Тавре зикр гардид, ин бинои чорошёна бо харҷи беш аз 12 миллион сомонӣ бунёд ёфта, бо 2 миллиону сад ҳазори он таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ шудааст.Ин маркази саломатӣ бо имкони қабули 500 ниёзманд дар як басти корӣ барои хизматрасонӣ ба 56 ҳазор нафар аз аҳолии ноҳияи Сино пешбинӣ шуда, дорои шароити муосир барои кори босифати табибон ва муоинаю ташхиси дақиқи беморон мебошад.Маркази саломатӣ, аз ҷумла дорои асбобҳои муосири муоинаю ташхис, аз қабили ренгени электронӣ, дастгоҳҳои фаросавтӣ, эндоскопӣ, ҷарроҳӣ ва ҳамчунин намудҳои гуногуни физиотерапия ба мисли обдармонӣ, варзишдармонӣ, гилдармонӣ, гиёҳдармонӣ ва ғайра мебошад. Дар ин ҷо, ҳамчунин як утоқи калон чун шахтаи намак омода шудааст, ки барои давобахшии бемориҳои диққи нафас муфид аст.Дар ин маркази саломатӣ барои 420 нафар кормандони соҳаи тиб ҷойи кор муҳайё мебошад.Маркази дигари саломатӣ бо рақами 14 дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки бинои зебою замонавии 6 ошёна бо таҳхона ба ин маҳалла ҳусну намои тоза зам намудааст.Тавре иттилоъ доданд, ин бинои боҳашамат бо харҷи беш аз 36 миллион сомонӣ бунёд ёфта ва бо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ин маркази саломатӣ бо имкони қабули 800 ниёзманд дар як басти корӣ барои хизматрасонӣ ба 72 ҳазор аҳолии ноҳияи Синои пойтахт пешбинӣ шудааст. Дар ин бино барои 653 нафар кормандони соҳаи тибб кори доимӣ муҳайё гардидааст.Танҳо барои харидории дастгоҳу таҷҳизоти муосири ин бино беш аз 10 миллион сомонӣ масраф гардидааст. Ин аст, ки ин маркази саломатӣ дорои навтарин шароити тиббӣ барои хизматрасонӣ ба ниёзмандони ин гӯшаи пойтахт мебошад.Ин бино ғайр аз дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни навсохт, ки барои муоина ва ташхиси бемориҳои гуногун пешбинӣ шудаанд, бахшҳои мухталифи солимгардонию тавонбахшии физиотерапевтӣ низ дорад. Аз ҷумла бахши обдармонии он дорои шароити зарурӣ ба намудҳои гуногуни масҳи обӣ, обпошии бофишор, кашиши зериобии рагу пайвандҳо, шиноварии табобатӣ ва ғайра мебошад. Барои табобатҳои гуногуни гилдармонӣ низ як маҷмааи алоҳида ҷудо гардидааст, ки дорои шароити анъанавӣ ва навтарини ҷаҳони муосир мебошад.Озмоишгоҳҳои марказ низ дорои навтарин дастгоҳу таҷҳизот аст ва дар он қариб тамоми таҳлилҳои тиббӣ босифат гузаронда мешаванд.Дар саҳни ҳавлии ин маркази саломатӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури анбӯҳи зиёди кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе суханронӣ намуд ва бо ёдоварӣ аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳайёсозии беҳтарин шароити корӣ дар муассисаҳои ин соҳа ҳозирон ва кулли табибони кишварро ба ташкили муоинаю муолиҷаи босифати маризон ва муомилаю муносибати шоиста бо онҳо ҳидоят намуд.Барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла пешниҳод намуд, ки Кодекси ахлоқи кормандони соҳаи тандурустӣ таҳия ва қабул карда шавад.Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






