Ифтитоҳи галереяи нави фарҳангӣ дар Душанбе
Душанбе, 5 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Дар ду толори ошёнаи якуми биноҳои Маҷмааи “Пойтахт-80” дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон галереяи фарҳангӣ ифтитоҳ ёфт, ки барои намоишу фурӯши нақшу нигор ва мусаввараҳои рассомони маъруфи тоҷик ва ҳамчунин ороишоту туҳфаҳои хотиравӣ аз сангҳою маъданҳои ороишию гаронарзиш ва маҳсулоти ҳунарҳои зебои мардумӣ пешбинӣ шудааст.Дар як толори он, асосан маҳсули ҳунари волои рассомони номдори тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар миёни сайёҳони хориҷӣ харидорони зиёд доранд, ба намоиш гузошта шудааст.Дар толори дуюм бошад, бештар маҳсулоти ширкати ватании Руҳом, ки асосан бо истеҳсоли ороишоти зебои туҳфавию хотиравӣ аз сангу маъданҳои кӯҳии ороишӣ ва гаронарзиш машғул аст, пешкаши мизоҷон гардидааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсули эҷоди рассомони ҷавону наврас, ки ба касбу ҳунари худ муҳаббати олӣ доранд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои олӣ дар ин роҳи пурифтихор ҳидоят намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






