Ифтитоҳи клиникаи хусуcӣ дар ноҳияи Спитамен
Дар деҳаи Саидқӯрғони ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шифохонаи хусусии ташхисию табобатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.Тавре аён гардид, ин муассисаи хусусии тиббӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов бо маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Бинои шифохона сеошёна буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ аз Япония муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин ҷо, аз ҷумла дастгоҳи ташхисии фаросадоӣ, кардиографи барқӣ, дастгоҳи замонавии дандонпизишкӣ ва ғайра насб гардидааст.Ин муассисаи тиббӣ дорои 34 кати хоб буда, дар он 20 нафар кормандони соҳаи тандурустӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Маоши кормандон аз 1000 то 2500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Соҳибкор Фурқат Абдуҷабборов бо ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин уҳдадор шуд, ки то Наврӯзи соли 2014 як коргоҳи дӯзандагӣ бунёд намуда, 200 нафар занону духтарони маҳаллиро бо кори доимӣ таъмин менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






