Ифтитоҳи Кохи фарҳанг ва мулоқот бо фаъолони ноҳияи Тавилдара
Душанбе, 27 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Дар маркази ноҳияи Тавлидара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои муҳташами Кохи фарҳангро ба истифода супурд. Пас аз буридани лентаи рамзи Сарвари давлат бо шароит ва имкониятҳои муҳаёгашта дар иншооти мазкур шинос шуд. Кохи фарханги ноҳияи Тавилдара аз ду ошёна ва таҳҳонаи дорои шароити мусоиди корӣ ва толори барҳаво барои қариб 500 ҷойи нишаст мебошад, ки ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва маърифатӣ пешбинӣ шудааст. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи иншооти сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонии он аз ҷониби ҶДММ «Наҷҷор» ба анҷом расонида шудааст. Иншооти мазкур дар давоми 2 сол бо харҷи 6 милиону 500 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, дар ошёнаи якуми он китобхонаи марказии ноҳия низ ҷой гирифтааст. Ҳангоми боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёди Кохи фарҳангро барои пешрафти фаъолияти кормандони соҳаи фарҳанги ин ноҳияи дурдаст муҳим арзёбӣ кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои Кохи фарҳанг бо фаъолони ноҳияи Тавлидара мулоқот анҷом дод. Зимни суханронӣ Сарвари давлат изҳор намуд, ки ноҳияи Тавилдара зода ва ҳамқадами замони истиқлолият буда, дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати кишвар ба ин гўшаи диёр ва заҳмати софдилонаву ватандўстонаи сокинон кўчаву хиёбон ва раставу гулгаштҳои маркази ноҳия зебову дилкаш гардида, биноҳои зебову замонавӣ қомат афрохтаанд.Дар солҳои истиқлолият, махсусан аз соли 1995 инҷониб аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тавидара зиёда 118 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ қариб 107 миллион сомонӣ равона гардидааст.Дар охир миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва сокинон суҳбати озоду самимӣ сурат гирифта, барои фаъолияти минбаъда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






